"Худро бисанҷ": барои осон кардани имтиҳони дохилшавии довталабони тоҷик дар Душанбе

Ҳамчунин шакли дигари хизматрасонии "Худро бисанҷ", ки барои ин толор таҳия гардидааст, бо мақсади истифода бурдани он дар доираи шабакаи компютерии маҳаллӣ (локалӣ) равона гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Хизматрасонии "Худро бисанҷ" ба хонандагони шаҳри Душанбе дастрас гардид, гузориш медиҳад Маркази миллии тестии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, нуқтаи истифода аз хизматрасонии "Худро бисанҷ" дар Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  таъсис дода шуд.
Маркази тестӣ хатмкунандагони Бадахшону Суғд ва Раштро аз имтиҳони озмоишӣ мегузаронад
Гуфта мешавад, хизматрасонии "Худро бисанҷ" дар заминаи сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба таври мустақим дастрас аст.
"Хоҳишмандон метавонанд аз он озода истифода бурда, бо супоридани тест аз фанҳои гуногун тибқи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ сатҳи дониши худро санҷида, ҳамзамон ба имтиҳонҳои воқеӣ омода гарданд", - омадаст дар иттилои манбаъ.
Барои истифода аз ин хизматрасонӣ мавҷудияти алоқаи интернетӣ зарур аст.
Ҳамчунин шакли дигари хизматрасонии "Худро бисанҷ", ки барои ин толор таҳия гардидааст, бо мақсади истифода бурдани он дар доираи шабакаи компютерии маҳаллӣ (локалӣ) равона гардидааст.
Яъне, дар ин ҳолат мавҷудияти алоқаи интернетӣ шарт нест. Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт метавонанд дастаҷамъона ва ё ба таври инфиродӣ ба толори мазкур омада, бо номнавис шуданашон дар низом аз хизматрасонии "Худро бисанҷ" баҳра бардоранд.
Танҳо як имтиҳон: Маркази миллии тестӣ шартҳоро дигар кард
Ҳадафи асосии таъсиси ин гуна толор- таъмин кардани шароит ва имконияти мувофиқ барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ҷиҳати боз ҳам хубтар омода шудан ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба ҳисоб меравад.