Давлати Эрон дар як клипи кӯтоҳ дастовардҳои худро дар бахшҳои гуногун нишон додааст.
Навори мазкур дар шабакаи иҷтимоии Ютуб нашр ёфтааст.
Чанде пеш Эрон чиҳилу дувумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ва Рӯзи миллиашро ҷашн гирифт.
Дар рӯзи 22 баҳмани 1357 хуршедӣ, баробар бо 11 феврали 1979 мелодӣ инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (раҳ) ба пирӯзӣ расид.
Эрон ба унвони аввалин кишваре, ки сафорати худро дар шаҳри зебои Душанбе ифтитоҳ намуд, ҳамвора саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳову тавсеаву пешрафти Тоҷикистони азиз доштааст.
Равобити Эрон ва Тоҷикистон бар пайвандҳои куҳан ва гусастнопазири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ, таърихӣ ва динӣ бино шудааст.