ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, эътимоди доштан ё надоштани дигар давлатҳо ба омори расмӣ оиди коронавирус ӯро тамоман ноҳинҷор намекунад, зеро ин фикру назари танҳо ҳамон давлатҳост.
Вазири тоҷик дар ин бора имрӯз зимни посух ба суоли як рӯзноманигор, ки дар мавриди баста боқӣ мондани марзҳо миёни Тоҷикистону Русия пурсид изҳор дошт. Рӯзноманигор суол кард, ки шояд эътимод надоштани Русия ба омори Вазорати тандурустӣ сабаб бошад, ки марзҳо ҳамоно баста ҳастанд.
Вале Абдуллозода ба дурустии омори ниҳоди худ таъкид намуда, гуфт зердастони ӯ новобаста аз он, ки дар кишвар дигар маризи коронавирус намондааст, ҳамоно ҳамарӯза гаштҳои хонагӣ баргузор мекунанд.
"Омори дармонгоҳҳо ва натиҷаи ташхиси маризон, ҳамчунин гаштҳои хонагии ҳамарӯза собит месозад, ки Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст", - мегӯяд вазири тоҷик.
Ӯ таъкид намуд, ки бигзор аз дилхоҳ кишваре, ки ба омори Тоҷикистон шак доранд, ҳайати корӣ таъсис ёбад, ва озими ҷумҳури шаванд ва бо чашмони худ бубинанд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба ин вирус боқӣ намондааст.
Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз аз Туркманистон, ки он ҷо тамоман ин маризӣ қадам наниҳод, охирон давлате буд, ки домангири коронавирус шуд.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 30 апрел, расман мавҷуд будани вируси СOVID - 19 - ро тасдиқ карданд. Аз авохири моҳи апрел то моҳи январ дар мамлакат, 13 308 маризи коронавирус сабт гардиданд, ки аз ин миён 90 бемор фавтида, 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд.