Давлатзода аз харҷи маблағ ва анҷоми сохтмони театри Маяковский гуфт

Вазири фарҳанги Тоҷикистон далели ба дарозо кашида шудани сохтмони театри Маяковскийро ба хуруҷи маризии коронавирус дар кишвар рабт дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ далели ба дарозо кашида шудани сохтмони театри Маяковскийро шарҳ дод.
Намоишномаи театри Тоҷикистонро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд
Ба изҳори ӯ, авҷи маризии коронавирус, сохтмони ин театрро ба таъхир гузошт. Илова бар ин, суст шудани раванди маблағгузории театри мазкур низ аз омилҳои таъхиркорӣ дар сохтмони ин иншоот арзёбӣ мешавад.
Бино бар иттилои Давлатзода, соли ҷорӣ барои сохтмони театр Маяковский 1 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.
"Агар корҳои сохтмонӣ то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон анҷом наёбад, то авохири соли ҷорӣ, театри мазкур ҳатман мвавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад", - тавзеҳ дод Давлатзода.
Чӣ гуна ҳунармандони Душанбе тамошобинони Маскавро тасхир карданд
Ёдовар мешавем, ки бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский бинобар мувофиқ набудан ба талаботи театри замонавӣ, ҳанӯз соли 2016 тахриб шуд.
Фаъолияти минбаъдаи аҳли эҷоди театри мазкур дар "Кохи Тоҷикистон" идома ёфт.
Тибқи маълумоти расмӣ, театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский 7 ноябри соли 1937 таъсис ёфта, яке аз калонтарин театрҳои русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.