Бердимуҳаммадов писарашро аз мақоми вазирӣ сабукдӯш ва муовини сарвазир таъйин кард

Писари кишвардори Туркманистон ба ҷуз аз такя задан ба вазифаи муовини сарвазири ин кишвар, ҳамчунин узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев— Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба телевизионҳои маҳаллӣ.
"Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд", - таъкид мешавад дар хабар.
Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.
Аз мансаб сабукдӯш шуданд: Воҳидов 5 корманди рондашудаи мақомоти андозро ном бурд
Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.
Туркманистон қимати барқро барои Афғонистон 50 дарсад арзон кард
Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.
Курсии қаблии Сардорро, Боймурод Аннамамедов, ки қаблан  вазифаи муовини вазири ин идораро ифо мекард, ишғол намуд.