ДУШАНБЕ, 11 фев – Sputnik. Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ дар бораи вазъи сарҳад таъкид кард. Ӯ гуфт, ҳоло вазъи марз бо кишвари Қирғизистон ором аст.
"Ҳоло вазъи сарҳад муътадил аст ва ҳеҷ проблема вуҷуд надорад. Марз таҳти назорати мақомотҳои давлатии ҳарду ҷониб қарор дорад", - гуфт раиси ноҳия.
Бино ба иттилои Давлатзода ду ҷамоати калонтарини ноҳия Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо деҳоти Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд. Хистеварз 22, 5 ва Овчӣ – Қалъача 18, 4 километр бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳад доранд.
Зимнан бо сабаби хуруҷи пандемияи каронавирус 34 гузургоҳҳои хурду бузург, ки дар сарҳади миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мавҷуданд бастаанд.
Тобистони соли гузашта мақомоти ноҳия дар роҳи муҳофизати сокинон аз сирояти "вируси корона" ва пешгирӣ аз вуруди ғайриқонунӣ шаҳрвандони ҳамсоякишвар дар ҳар кадом чунин гузаргоҳҳо хандақ (траншек) кофта, роҳҳоро баста карданд.
Ҷониби Қирғизистон ҳам дар пайи роҳандозии тадбирҳои пешгирикунанда аз бемории ҳамагир фурӯши маводи сӯхт аз тариқи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки дар канори роҳи ноҳияи Б. Ғафуров – Конибодом ҷойгиранд барои шаҳрвандони дигар кишварҳо манъ намуд.
Зафарбек Давлатзода гуфт, ҳоло гузаштани шаҳрвандон аз сарҳад ба амри зарурат имкон дорад, агар барои он коммисияи наздиҳукуматӣ рухсат диҳад.
"Барои ба вуҷуд омадани масъалаҳои муҳими ҳаётӣ, масалан барои табобат, шаҳрвандон расман аз марз гузашта метавонанд, барои ин иҷозаи комиссияи байниҳукумате, ки таъсис дода шудааст лозим аст", - гуфт Давлатзода.