ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мутахассисони “Роспотребнадзор” вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистонро баҳогузорӣ хоҳанд кард, иттилоъ дод котиботи Ҳукумати Русия.
Созиш дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” зимни ҷаласаи комссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, ноиби раиси ҳукумати Русия ҳосил шудааст.
Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳни коронавирусро баҳогузорӣ хоҳад намуд.
“Ҷонибҳо созиш карданд, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва накӯаҳволии инсон аз Тоҷикистон боздид карда, вазъи эпидемиологиро баҳогузорӣ кунанд. Ин ҳайат дар пайи омӯзиш ба Ситоди пешгирии вуруду паҳншавии коронавирус дар Русия гузориш хоҳад дод”, - таъкид кардааст Ҳукумати Русия.
Замимаи телефон: Оверчук ба Қоҳир Расулзода роҳи русияравиро гуфт
Дар баробари ин Оверчук ба Қоҳир Расулзода кори замимаи телефонии “Сайёҳат бе COVID-19" – ро нишон дода, пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон ба ин барнома пайваст шавад. Оверчук ҳадафи ин пешниҳодро таъмини вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия гуфтааст.
Гуфта мешавад, ки замимаи мобилии “Сайёҳати бе COVID-19" барои ҳаракати озоду бехатари шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё дар замони пандемия таҳия шудааст. Қаблан сарвазири Русия, Михаил Мишустин гуфт, ки аз 1 феврал ин замимаро метавонанд шаҳрвандони Русия, Арманистон ва Белорус истифода намоянд. Ӯ тавзеҳ дод, ки барои ин бояд замимаи мобилӣ боргирӣ шавад, дар он ташхисгоҳ барои гузаштан аз санҷиши тиббӣ интихоб гардад ва дар сурати набудани коронавирус, шахс метавонад ба Русия сафар кунад.
Ин пешниҳодҳои Русия дар ҳолеянд, ахиран Душанбеи расмӣ бо таъкиди беҳбуди вазъи эпидемиологӣ аз Маскав оғози парвозҳои мунтазамро дархост карда буд, ки дар замони пандемия мутаваққиф шуда буданд.