Чаро ТВ аз марги бузургону камбудиҳо дар Тоҷикистон намегӯяд? Посухи Нуриддин Саид

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, зарурати нашри некролог ё хабарҳо дар бори фавти чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ тариқи телевизионҳоро намебинад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Рӯзноманигорон аз раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон пурсиданд, ки чаро дар тамоми ҷаҳон аз даргузашти чеҳраҳои шинохтаи миллию ҷаҳонӣ тариқи телевизион хабарҳо нашр мешаванд, аммо дар телевизионҳои ҷумҳурӣ аслан некролог дида намешавад.
Дарс тариқи ТВ: моҳи оянда дар Тоҷикистон шабакаи нав фаъол мешавад
Нуриддин Саид посух дод, ки гумон мекунад некролог дар телевизион зарурат надорад, аммо шарҳ надод, ки бо кадом далоил ин таҷрибаи роиҷи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зарур нест.
Ӯ инчунин иддаоро, ки дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон танқид вуҷуд надорад, бепоя хонд. Раиси Кумитаи телевизион гуфт, шабакаҳо гузоришҳои танқидиро нашр мекунанду камбудиҳоро фош мекунанд.
Нуриддин Саид таъкид намуд, ки танқид шояд ба андозае, ки баъзеҳо мехоҳанд нест ва афзуд, ки ҳаракат мекунанд, то бештар бошад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион, дар сохтори барномаҳои телевизион тағйироти ҷадид ворид хоҳад шуд ва аз ҷумла дар назар аст, ки барномаҳои таҳқиқотии рӯзноманигорӣ низ таҳияю нашр гарданд.