ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз тақвияти сомонӣ нисбати доллар дар ҳафтаи нав хабар медиҳад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши миёнаи 1 доллари амрикоӣ имрӯз 11.3020 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 рубл дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 0.1514 то 0.1540 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бино бар иттилои манбаъ, қурби евро бошад, баръакс каме баробар шудааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6155 то 13.8000 сомонӣ муқаррар намудааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1514 то 0.1540 сомонӣ таъйин намудааст.
Ҳамин тавр, Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".