ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар саҳифааш дар Instagram гуфт, намехоҳад шахси иғвогар раиси шаҳри Бишкек таъин шавад.
Ба гуфти ӯ кадрҳои зиёде ҳастанд, ки "ҳангоми суҳбат ростқавл ва омодаи кор" менамоянд.
"Аммо нисбати кадрҳои интихобшуда, ки дар мақомоти қаблӣ кор накардаанд ва дар парвандаҳои коррупсионӣ даст надоранд, маълум мешавад, ки далелҳои авбошӣ ва баҳсҳои моликият мавҷуданд. Аз ин рӯ, ман таъин кардани чунин шахсро шаҳрдори Бишкек номумкин медонам", - навиштааст Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори сарвазир Улукбек Марипов, як соҳибкор аз бахши сохтмон Эрмек Нурғозиев иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Бишкек таъин шуд.
Дар як нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон суол карданд, ки оё вай воқеан дар парвандаҳои қаллобии соҳибони саҳмияҳо даст дорад? Нурғозиев гуфт, ки ӯ ба ин рабте надорад.
Вай дар бораи таъинот сухан ронда, гуфт, ки бо президент мулоқот дошт ва дар ҷараёни он лоиҳаҳо ва нақшаҳои худро дар вазифа шаҳрдорӣ пешниҳод кард.
Мири собиқ Балбак Тулобоев пас аз сад рӯз дар ин вазифа истеъфо дод.