Назорати сифат: гузориш аз ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт" - аксҳо

Диловар Пирназарзода, муовини якуми раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, аз самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳод ҷилавгирӣ аз фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ мебошад. Ӯ гуфт, соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 2 миллиону 355 ҳазор кило маҳсулоти ғайристандартиро ошкор кардаанд
Sputnik
Ситора Шерзода, ноиби дигари раиси "Тоҷикстандарт" изҳор дошт, ки соли гузашта харид ва ташхиси беш аз 47 навъи маҳсулотро анҷом доданд ва бархе маҳсулоти ғайристандартӣ аз бозор гирифта шуд.
“Тоҷикстандарт” гуфт, киҳо сӯзишвории ғайристандартӣ мефурӯшанд
Тибқи иттилои "Тоҷикстандарт", аз 2,3 миллион кило маҳсулоти ғайристандартие, ки ошкор шудааст, 1,7 миллион килояш барои саломатӣ зараровар буда, нобуд карда шудааст. Беш 646 ҳазор килои боқимонда мушкилоти марбут ба тамғагузорию навиштаҷот дошт, ки баъди ислоҳ дар доираи талаботи стандартҳо дигарбора ба фурӯш роҳ дода шуд.
Ин ниҳод афзуд, аз маҳсулоти ғайристандартии ошкоршуда беш аз 455 ҳазор килояш маҳсулоти гӯштӣ, 160 ҳазор кило равғани растанӣ, 22 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 44 ҳазор килоро маҳсулоти қаннодӣ ташкил додааст.
Тибқи иттилои “Тоҷикстандарт”, дар маҷмуъ давоми соли 2020 ҳамагӣ 7 ҳазору 970 нафар барои нақзи қоидаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла қоидаҳои беҳдоштӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи ҷарима беш аз 1,7 миллион сомониро ташкил дод.
Мақомдорони “Тоҷикстандарт” таъкид намуданд, ки маҳсулоти ғайристандартӣ дар бозори  истеъмолии Тоҷикистон коҳиш ёфта истодаанд ва яке аз омилҳояш вуҷуди рақобати солим арзёбӣ мешавад.
Масъулин мегӯянд, вақте мардум маҳсулоти босифат интихоб мекунад, тавлидкунанда низ маҷбур мешавад маҳсулоти хуб ба бозор барорад ва колои пастсифат худаш аз байн меравад.
1 / 11
Масъулини "Тоҷикстандарт" соли 2020 беш аз 2,3 миллион кило маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор кардаанд
2 / 11
Аз ҷумла 1,7 миллион килояш барои саломатӣ зараровар буда, нобуд карда шудааст
3 / 11
Беш аз 646 ҳазор килои маҳсулоти ғайристандартӣ мушкилоти марбут ба тамғагузорию навиштаҷот дошт, ки баъди ислоҳ дар доираи талаботи стандартҳо дигарбора ба фурӯш роҳ дода шуд
4 / 11
Соли 2020 беш аз 22 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртии ғайристандартӣ мусодира шуд
5 / 11
Колоҳои мусодирашудаи ғайристандартӣ
6 / 11
Ташхисгар дар ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт"
7 / 11
Беш аз 455 ҳазор кило маҳсулоти гӯштии ғайристандартӣ ошкор ва мусодира шуд
8 / 11
Ташхисгар дар ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт"
9 / 11
Колоҳои мусодирашудаи ғайристандартӣ
10 / 11
Шириниҳои ғайристандартии мусодирашуда дар соли 2020 беш аз 44 ҳазор килоро ташкил додаанд
11 / 11
Мақомдорони "Тоҷикстандарт" мегӯянд, вазъи бозорро таҳти назорат қарор додаанд