ДУШАНБЕ, 7 феврал - Sputnik. Аҳлиддин Турдиев, мураббии дастаи футболи наврасони Тоҷикистон, таассуроти худро пас аз пирӯзӣ бар тими миллии Беларус ва пирӯзӣ дар "Ҷоми Рушд-2021" изҳор кард. Навори сӯҳбати мураббии тоҷик дар канали Youtube -и Федератсияи футболи Беларус нашр шудааст.
Турдиев гуфт, ки бозии охирин бо тими миллии Беларус душвор гузашт, қисман аз он сабаб буд, ки бачаҳо каме ором шуданд, зеро медонистанд, ки новобаста аз натиҷа онҳо ҳамчун чемпион мераванд.
"Мо ба раванди бозӣ дохил нашудем, ҳамдигарфаҳмӣ набуд. Аммо ҳангоми танаффус мо бо бачаҳо гуфтугӯ кардем ва дар қисми дуввум онҳо бозиеро, ки мо ҳамеша интизор будем, нишон доданд", - гуфт мураббӣ.
Мураббии наврасони Тоҷикистон қайд кард, ки "Ҷоми рушд" мусобиқаи хеле хубест, ки дар рушди футбол кумак мекунад.
Номбурда аз он изҳори таассуф кард, ки бинобар пандемия, рақибони боқимонда омада натавонистанд ва инчунин қайд карданд, ки набудани тамошобинон ба бозӣ таъсири калон мерасонад.
"Мусобиқа ба мо бисёр чизҳоро дод. Мо ин наврасонро барои оянда омода карда истодаем, кӯшиш мекунем, ки онҳоро ҳар моҳ ба ҷое барем. Талош мекунем, барои онҳо бозиҳои байналмилалӣ бештар созмон диҳем", - гуфт мутахассиси тоҷик.
Турдиев илова кард, ки бозиҳои меҳмонӣ ба футболбозони ҷавон имконият медиҳанд, ки дар оянда як футболбози хуб шудан ва баробари ба тими мунтахаби Тоҷикистон ворид шудан як қадам ба пеш гузоранд.