Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фавти 8 маризи коронавирус дар Қазоқистон давоми як рӯз: 27 000 нафар табобат мегиранд

Ҳоло дар дармонгоҳҳои ин кишвар дасти кам 27 ҳазор гирифтори маризии коронаиврус таҳти табобати пизишкон қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik.  Вазорати беҳдошти Қазоқистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта 8 маризи коронавирус ҷон аз даст доданд.
Манбаъ меафзояд, дар дармонгоҳҳои ин кишвар 27 107 нафар зери табобати табибон қарор доранд, ки аз ин миён 16 616 нафар гирифтори коронавирус буда, 10491 нафари дигар ба илтиҳоби шадиди шуш гирифтор ҳастанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қазоқистон: 12 марг дар як рӯз
Зимнан, табибон вазъи 269 нафарро вазнин арзёбӣ мекунанд, инчунин 48 бемори дигар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор доранд. Илова бар ин 42 нафар ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст мебошанд.
Вазорат мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1 146 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид.
Омори нохушоянди Ҷумҳурии Қазоқистон дар робита ба идомаи "бедодгари" - и коронавирус дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон давоми се ҳафта ягон ҳолати гирифторшавӣ ба вируси мазкур ба қайд гирифта нашудаст.
Вазир: сафари донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷ аз мо вобаста нест
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ низ қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамакнун орӣ аз коронавирус шуд.
Ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ин беморӣ дар мамлакат 90 нафар ҷон бохтанд.