Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс

Милисаҳои пойтахт ду ҷавонро дастгир карданд, ки дар кӯчаҳои Душанбе ба талбандагӣ машғул буданд. Гуфта мешавад, онҳо ҷисман солим, вале худро маъюб вонамуд мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе аз ҳабси ду ҷавон хабар дод, ки дар пойтахт талбандагӣ мекарданд.
Онҳо дар кӯчаҳои марказӣ ҳангоми таваққуфи мошинҳо дар назди чароғак худро маъюб вонамуд карда, ба назди ронандаҳо мерафтанд ва дархости кӯмак менамуданд.
Ҳабси ду ҷавони қаллоб дар Душанбе: худро маъюб вонамуд мекарданд
Бино бар иттилои манбаъ, дастгиршудаҳо Алихон Ҳаитови 24-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Бахтиёр Халосови 31-сола, сокини шаҳри Турсунзода мебошанд.
Аввал ҷодуро дар гӯристон ҷо мекард, сипас меёфт: боздошти фолбин - навор
Манбаъ афзудааст, номбурдагон, ки дар асл сиҳат ва ҷисму бозӯи солим доранд, худро маъюб ва дардманду муҳтоҷ вонамуд карда, дар роҳи мошингузар бо ба вуҷуд овардани вазъияти хатарнок ба талбандагӣ машғул буданд.
"Номбурдагон то ба дараҷае моҳирона худро маъюб нишон медиҳанд, ки дар дили ҳар роҳгузар эҳсоси раҳму шафқатро ба вуҷуд оварда, ба онҳо дасти кӯмак дароз мекунанд", - таъкид кардааст котиботи раёсат.
Ҳабси ду ҷавоне, ки худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд
Афзун бар ин, як нафар аз ин ҷавонҳо барои чунин амалаш дастгир шуда будааст.
Вобаста ба ин нисбати ҳар ду протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шудаст.