ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Бонки миллии Тоҷикистон бинои "Душанбе Плаза" - ро аз ҳукумати пойтахт харид.
"Вайҳо ҳисоб карда метавонанд, барояшон ба фикрам сабуктар ғалтид, пурра "Душанбе Плаза" - ро хариданд", - изҳор дошт раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ.
Қаблан тарҳи як бинои ҷадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ки гуфта мешуд, бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо котиботи Бонки миллӣ бо нашри як иттилоия хабар дод, ки нияти сохтмони биноеро надоранд.
Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ нагуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон "Душанбе Плаза" – ро ба ивази чӣ қадар маблағ харидааст. Танҳо изҳор дошт, ки харид тариқи музояда сурат гирифта, маблағ барояш маълум нест.
Бинои "Душанбе Плаза" аз ҷониби ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал", ки марбути наздикони Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик буд, бо маблағгузории давлат сохта шудааст.
"Душанбе Плаза" баландтарин бино дар Душанбе ба шумор меравад, ки баландияш 92 метру масоҳаташ 40 ҳазор метри мураббаъ арзёбӣ мешавад.