Зиндагии 600 хонавода дар минтақаҳои хатарнок дар Тоҷикистон

Сарраёсати геологияи Тоҷикистон тавсияи медиҳад, ки бештар аз 600 хонавода дар кишвар ба маконҳои бехавф кӯчонида шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба 634 хонавода тавсия дода мешавад, ки аз маконҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчанд.
Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати геологияи Тоҷикистон, Алимаҳмуд Ализода дар рафти нишасти матбуотӣ гуфт.
"Чунин тавсияҳо мувофиқи нақшаи тарҳи "Мониторинги давлатии равандҳои экзогении геологӣ" дода шуд", - таъкид дошт вай дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон.
Даҳ миллион доллар барои хариди таҷҳизот ба хотири назорати кӯли Сарез
Ноиби раиси Сарраёсат таъкид кард, ки мониторинг ва тадқиқоти муҳандисиву геологӣ дар асоси дархостҳо дар 870 деҳа, минтақаҳо ва кӯчаҳои шаҳру навоҳиҳо анҷом дода шуд.
Ҳамин тавр, дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлону Суғд чунин тадқиқот анҷом дода шуданд.
Дар натиҷа ба 643 хонавода тавсия дода шуд, ки ба минтақаҳои бехатар кӯчанд.
Ализода таъкид кард, ки дар соли 2020 дар рафти анҷом додани корҳои гунгун ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин вай қайд кард, ки дар ҳудуди деҳаҳои Исмати Шариф ва Пушинги ноҳияи Данғара чоҳҳои 100-метра кофта шуданд.