ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар медиҳад, ки дар содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои котиботи РВУД дар пойтахт, ба кормандони пулис чандин арзу шикоят аз ҷониби шаҳрвандон ворид шуд.
Меҳроби Дилшод гумонбар ба дуздӣ боздошт шуд
© акс аз РВУД
Муроҷиаткунандагон аз ин шикоят намуданд, ки шаби Соли нав аз ҷониби ашхоси номаълум шишаи мошинҳои онҳо шикаста шуда, аз дохили мошин пул ва дигар ашёҳои арзишнок дуздида шудааст.
Зимнан, кормандони пулис ҷавонеро боздошт карданд, ки дар содир намудани ин ҷиноят даст дорад.
18 январи 2021, 10:15
Дастгиршуда, Меҳроби Дилшоди 21 - сола, сокини шаҳри Кӯлоб мебошад, ки қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шуда буд.
Ӯ шаби 31 декабр ба 1 январ дасти кам 13 мошинро бо ҳамин роҳ мавриди ғорат қарор дод, ки аз ин амалаш аз ҳама беш Давлатова Назира сокини ноҳияи Фирдавсӣ зарар дидааст.
Боздоштшуда аз худрави ин бону ба миқдори 5 500 сомонӣ ашёҳои арзишмандро рабудааст.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, феълан нисбати Дилшод парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.