ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия зимни шарҳи эҳтимоли ҷорӣ намудани таҳримҳои ҷадид аз ҷониби Ғарб бар зидди Русия дар робита бо қазияи Алексей Навалний гуфт, ки ба ин кишварҳо барои анҷом додани ингуна иқдом сабаб лозим нест.
"Бидуни шубҳа, онҳо ба ҷузъиёти масъала чандон алоқамандӣ надоранд. Ба онҳо ягон сабабе лозим аст. Агар сабабе бошад, онҳо онро аз як кунҷи торик ҳам берун меоранд, агар набошад ҳам – онҳо онро эҷод мекунанд ё месозанд. Ин як тактикаест, ки соли 2020, 2016, 2011 ба кор гирифта шуда буд. Ин сиёсати боздорӣ чандин сол аст, ки амалӣ мешавад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки барои роҳандозии ин сиёсат баҳонаҳои гуногун истифода мешаванд. Барои онҳо ҳақиқат муҳим нест ва онҳо ба ҷузъиёти масъала фурӯ намераванд”, - гуфт дипломат дар барномаи "Соловьев LIVE".
Ахиран Додгоҳи Симоновскийи шаҳри Маскав дар бораи бекор кардани ҳукми шартии Навалний роҷеъ ба парвандаи “Ив Роше” қарор қабул кард. Додгоҳ ҳукми шартиро иваз карда, ӯро барои 3,5 сол равонаи зиндон кард. Пас аз ҳукми додгоҳ бархе аз кишварҳои Ғарб, аз ҷумла ИМА, Олмон, Фаронса ва Бритониё, ба мақомоти Русия муроҷиат карданд, ки Алексей Навалнийро озод намоянд.
Вазорати умури хориҷаи Русия қаблан ба сиёсатмадорони хориҷӣ, ки вазъияти Навалнийро шарҳ медоданд, тавсия дода буд, ба қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром гузоранд ва ба мушкилоти дохилии кишварҳои худ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров қайд кард, ки изҳороти сиёсатмадорони ғарбӣ дар ин мавзӯъ ҳаммонанданд.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков таъкид доштааст, ки Кохи Кремлин ният надорад, ба изҳороти кишварҳои хориҷӣ дар робита ба қазияи Навалний аҳамият диҳад.
Додгоҳҳо аллакай бори севум аст, ки дархости Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар бораи иваз намудани ҳукми шартии Навалний бо ҳукми воқеиро баррасӣ доранд. Ҳар дафъа додгоҳ ин дархостро рад мекарду, танҳо муҳлати санҷиширо тамдид мекард. Аммо танҳо дар се соли охир, бино ба иттилои Хадамоти федералии иҷрои ҷазо, Навалний тақрибан 60 маротиба қонуншиканӣ кардааст ва худро дар мақомоти дахлдор сари вақт ба қайд нагирифтааст (ӯ вазифадор аст худро дар як моҳ ду маротиба ба қайд гирад). Ӯ барои ин амалаш чандин маротиба ҷазоҳои маъмурӣ гирифта буд. Ин нақзи қонун муҷиби бекор кардани имтиёз барои адои ҷазои шартии ӯ шудааст.
Ин як тартиби маъмулӣ дар Русия аст ва ба таври фаъол истифода мешавад - танҳо соли гузашта ҳукми шартии 11,3 ҳазор нафар ба ҳукми воқеӣ иваз карда шуд. Дар соли 2019 ин раванд боз ҳам бештар буд – ивази ҳукми шартӣ ба зиёда аз 15 ҳазор нафар рост омада буд.
Иддао дар бораи онки гӯиё оқои Навалний танҳо барои фаъолияти сиёсиаш маврид таъқиб қарор гирифтааст ҳатто аз ҷониби Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар низ рад шудааст: Страсбург дар парвандаи “Ив Роше” тобишҳои сиёсӣ надид, гарчанде барои ҳабси хонагӣ ҷубронпулӣ таъйин карду, онро мақомоти Русия пурра пардохт кард.