Нон зиёд истеъмол шуд? мақомот аз воридоти орду гандуми зиёд хабар дод

Соли 2020 ба Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум ва 80 ҳазор тонна орд ворид гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон ба андозаи 19,1% ва орд - 4,8% зиёд шуд.
Аз 255 то 260 сомонӣ: арзиши орд дар Тоҷикистон боз қимат шуд
Гуфта шуд, ки нархи 1 тонна гандуми воридшуда ба ҳисоби миёна 243 доллар ва 1 тонна орд - 261 долларро ташкил дод.
Манбаъ зикр кардааст, ки ба воридоти гандум ба кишвар 95 субъект ё худ ширкатҳо ва орд - 50 субъект машғул шуданд.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки наздики 94 дарсади гандум аз Қазоқистон ва қисмати боқимонда аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Воридоти орд аз Қазоқистон қариб 95 дарсад, Русия – 5 дарсад ва Ӯзбекистон - 0,3 дарсад сурат гирифтааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соли гузашта 864 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шуда, истеҳсоли орд бо назардошти гандуми худӣ ва воригардида, зиёда аз 830 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Агентии омори кишвар дар соли 2020 арзиши маҳсулоти нонӣ дар ҷумҳурӣ қариб 14% боло рафта буд.