ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Ба иттилои Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон нозир — хазиначии бахши молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Нуъмонзода С. С. бо суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор Ҳайдаров А. Н. ва деклорант Сафаров Ш. Р. даст ба азхудсозии маблағҳои давлатӣ кардааст.
Ба гуфтаи прокурор, номбурдагон ғайриқонунӣ 21,7 миллион сомонӣ пардохти гумрукиро аз хазинаи Раёсат ба суратҳисоби 4 ширкати ба соҳибкор Ҳайдаров А. Н. тааллуқдошта гузаронида, ба маблағи 9,3 миллион сомонӣ расидҳои қалбакии пардохти гумрукӣ додааст.
Номбурдагон бо ин роҳ 31 миллион сомонӣ маблағи пардохти гумрукиро ба буҷет ворид накарда, аз они худ намудаанд, афзудааст, Юсуф Раҳмон.
Ба иттилои манбаъ, пардохтҳои гумрукӣ ҳамчун ҷузъи муҳими даромади буҷет маҳсуб ёфта, риояи қонун дар ин самт таҳти назорати доимии прокуророн қарор дорад.
“Бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 3 159 (2663) ҳуқуқвайронкунанда ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 124 (144) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 46,7 (33,5) миллион сомонӣ зарар барқарор карда шуд”,- мегӯяд, номбурда.