ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Антонина Стародубова, диетологи озоди Раёсати тандурустии Маскав 5 маҳсулотеро номбар кард, ки ба дароз кардани умри инсон мусоидат мекунанд.
Ҷойҳои якум ва дуввумро дар ин феҳрист чойи кабуд ва куркума ишғол карданд. Ба гуфти мутахассис, онҳо инсонро ҷавон нигоҳ медоранд.
Стародубова барои онҳое, ки мехоҳанд зебоии худро муддати дароз ҳифз кунанд, тавсия дод, ки бештар қаламфури булғорӣ истеъмол кунанд.
Ба гуфти коршинос ин сабзавот дар таркибаш минералҳо, витаминҳои C, A, гурӯҳи B ва PP дорад. Қаламфур инчунин дорои ликопени антиоксидантии муфид мебошад.
Гулкарам ва чормағз низ барои ҷавону зебо мондан кумак мекунанд, менависад оҷонсии хабарҳои шаҳри "Маскав" аз қавли коршинос.
Ворид кардани гулкарам ба ғизои парҳезӣ мубодилаи липидҳоро ба эътидол меорад.
Мутахассис таъкид кард, ки чормағз дорои ғизонокии баланд мебошад. Онҳоро ба миқдори на зиёда аз 20-30 грамм бидуни пухтан ва намак хӯрдан мувофиқи мақсад аст.
Рӯйхати маҳсулоте, ки инсонро ҷавон нигоҳ медоранд, қаблан аз ҷониби директори Институти тадқиқоти парҳезии Самара Михаил Гинзбург номбар шуда буд.
Ба ин рӯйхат чойи кабуд, равғани зайтун, тухми зағир, моҳӣ ва шоколади сиёҳи бидуни шакар шомил шуда буданд.