ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Хавфҳои геополитикӣ ва заминаи беруна ба устувории рубл дар соли 2020 фишор оварданд.
Дар соли 2021, хавфҳои асосӣ барои пули русӣ то ҳол бо вазъи манфии геополитикӣ ва ноустувории нархи нафт алоқаманданд, гуфт Алиса Храмова, дотсенти кафедраи тиҷорат ва савдои Донишгоҳи Синергия ба хабаргузории “Прайм”.
“Соли 2020 рӯйдодҳо ва омилҳои зиёде рух доданд, ки метавонанд ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва Русия дар соли 2021, алахусус ба рубл нисбат ба доллар ва евро таъсир расонанд. Ин пандемияи коронавирусӣ ва интихоботи президентии ИМА мебошад”, - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи Храмова, президенти нав Ҷо Байден борҳо нияти худро барои "ба тартиб даровардани" таъсири Русия ба Амрико ва таҳримҳои нав алайҳи Федератсияи Русия эълом карда, ки чунин амалкардҳо ба рубл фишор хоҳанд овард.
Коршиносон асъори фоидаовар барои соли 2021-ро гуфтанд
Агар ба пешбинии маҷмӯии таҳлилгарон бовар кунем, дар семоҳаи аввали соли 2021 доллар 73,4 рубл, евро - 88 рубл, дар семоҳаи дуюм - 72 ва 87,4 рубл, дар семоҳаи сеюм - 71,25 ва 86,8 рубл ва дар семоҳаи чорум бошад 71,6 ва 84,9 арзиш хоҳад дошт.
Дурнамои хушоянд: нархи нафт дар соли 2021 чанд хоҳад буд
"Бисёре аз таҳлилгарон рублро аз дороиҳои хатарнок меҳисобанд. Дар давраҳои ноустувории бозори молиявӣ аз доштани чунин дороиҳо аксар вақт худдорӣ мешавад", - гуфт Храмова.