Дӯстдори марворид: нахустин зан дар маснади ноиби президенти ИМА-Камала Харрис - аксҳо

Sputnik

Камала Ҳаррис 20 октябри соли 1964 дар Калифорния таваллуд шудааст. Падару модари ӯ муҳоҷиранд. Модараш Шямал Гопалан, олим, зодаи Ҳиндустон ва падараш Доналд Ҳаррис, профессори иқтисод, аслан аз Ямайка.

Феминист, муаллима ва даванда: ҳамсари Ҷо Байден кист? - акс

Харрис Донишгоҳи Ҳовардро хатм карда, пас JD-ро қабул кард.

Фаъолияти корӣ

Тамоми ҳаёт Камала дар соҳаи ҳуқуқ кор кардааст, ёвари прокурор буд.

Дар соли 2003, прокурори ноҳияи Сан-Франсиско интихоб шуд ва дар ин вазифа то 2011 кор кард.

Сипас прокурори генералии Калифорния интихоб шуд, ки ин вазифаро ду давра - то соли 2017 ишғол кард.

Дар соли 2017, вай аввалин сенатори сиёҳпӯсти ИМА аз Калифорния шуд. Дар соли аввали кориаш, онҳо ӯро "ситораи бархоста" аз Ҳизби Демократ номиданд ва ҳатто ҳадс мезаданд, ки вай метавонад дар интихоботи оянда номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда шавад.

Дидгоҳҳои сиёсӣ

Дар сиёсати хориҷӣ, принсипҳои асосии Харис бо принсипҳои Ҷо Байден яксонанд.

Вай чунин мешуморад, ки мавзӯи ҳифзи ҳуқуқи инсон бояд ҷанбаи муҳими сиёсати хориҷии ИМА бошад. Режимҳои ҳукуматӣ дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русияро танқид мекунад ва инчунин яке аз муҳимтарин таҳдидҳо ба амнияти ИМА "дахолати Русия ба интихоботи Амрико" мебошад.

Инчунин ҷонибдорони "муҳофизати технологияи амрикоӣ" аз Русия, Чин ва Эрон аст.

Камала Харрис дӯстдори марворид буда, аз ин навъи ороишот бисёр истифода мекунад.

1 / 12
Номзад ба маснади ноиби президенти ИМА аз ҷониби демократҳо - Камала Харрис дар Лос-Анҷелес.
2 / 12
Камала Харрис дар Showtime's 2012 "EMMYEVE" дар Калифорния.
3 / 12
Номзад ба маснади ноиби президенти ИМА аз ҷониби демократҳо - Камала Харрис дар Лос-Анҷелес.
4 / 12
Номзад ба маснади ноиби президенти ИМА аз ҷониби демократҳо - Камала Харрис бо ҷонибдоронаш дар Майямӣ.
5 / 12
Ҳуқуқшиноси амрикоӣ Камала Харрис дар 45-умин NAACP Image Awardsдар Пасадина.
6 / 12
Ҳуқуқшиноси амрикоӣ Камала Харрис зимни наворбардорӣ дар Сан-Франсиско.
7 / 12
Ҳуқуқшиноси амрикоӣ Камала Харрис соли 2015 дар маросими Vanity Fair Oscar Party дар Калифорния.
8 / 12
Ҳуқуқшиноси амрикоӣ Камала Харрис дар Калифорния дар макони истеҳсоли нафт.
9 / 12
Президенти интихобшудаи ИМА Ҷо Байден ва ноиби президент Камала Харрис зимни суханронӣ дар назди халқ дар Уилмингтон.
10 / 12
Камала Харрис зимни суханронӣ дар консенсияи ҳизби Демократии ИМА дар Каролинаи Шимолӣ.
11 / 12
Номзад ба маснади ноиби президентии ИМА аз ҳизби Демократҳо Камала Харрис дар макони сӯхтор дар Оберри.
12 / 12
Номзад ба маснади ноиби президентии ИМА аз ҳизби Демократҳо Камала Харрис дар иҳотаи барф.