Безараргардонии мактабҳои Тоҷикистон аз сӯи низомиёни рус - видео

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон мактабҳо ва кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе ва Бохтарро безарар карданд
Sputnik

Мутахассисони муҳофизати радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии пойгоҳи низомии 201-уми Русия  дар мактабу кӯдакистонҳои Вазорати мудофиаи Русия корҳои безараргардонӣ анҷом доданд.

Низомиёни пойгоҳи 201-ум аз рӯи пухтани оши палав сабқат карданд

Дар навори нашршуда дида мешавад, ки  низомиён қадам ба қадам ва сантиметр ба сантиметр биноҳоро поккорӣ мекунанд.

Низомиён тамоми синфхонаҳо, ошхона, утоқҳои корӣ, толори варзишӣ, ва ҳатто ҷойҳои овезонкунии либос ва мизҳои дарсхонӣ безараргардонӣ карданд.

Дар куҳҳои Тоҷикистон барои 500 кошифи пойгоҳи 201-ум курси омузишӣ гузаронида мешавад

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия беш аз 3 ҳазор метри мураббаъро безарар гардониданд.

Барои ҳифзи саломатии кӯдакон беш аз 2 тонна маҳлули безараргардонӣ истифода шуд.