Ҷабборов аз ташкили инқилоб аз зиндон гуфт: кӣ ба ӯ кумак кард

Содир Ҷабборов гуфт, ки аснои дар зиндон будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳо ташкил мекард ва ҳамин тавр бо мардум аз дур кор мекард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон дар мусоҳиба бо "Коммерсант" изҳор доштааст, ки дар зиндон бекор набуд, балки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо мардум кор мекард.

"Дар "Одноклассники", Facebook, Instagram гурӯҳҳо ташкил мекардам. Дар WhatsApp дасти кам 50 гурӯҳ сомон додам, ки ҳар як гурӯҳ на кам аз 256 нафарро дарбар мегирифт. Тариқи ин гурӯҳҳо маълумотҳо дар бораи Кумтор ва аз ҷумла фаъолияти худам паҳн менамудам....Ҳамин тариқ дар муддати 3,5 сол ман бо тамоми мардум дар "тамос" шудам. Дар зиндон ҳар як маҳбус давоми 24 соат озод аст ва фурсати зиёде дорад. Ман бошам, бо ҳамин роҳ тавонистам аз дохили зиндон инқилоб барпо созам", - шарҳ додааст Ҷабборов.

Ӯ илова намуд, ки бо адо намудани мӯҳлати ҷазои худ, ба чандин нафарон кумак мекард.

ВУХ Қирғизистон: Содир Ҷабборов ба Маскав меравад

"Ба ҷинояткорон умуман сарукор нагирифтам. Беш аз сад нафаре, ки ба ман муроҷиат карданд, аз зиндон озод шуданд, дар ҳоле, ки ман он замон худ маҳбасӣ будам. Онҳо ба паҳн кардани маълумотҳо дар бораи ман машғул шуданд ва замоне, ки ман ба озодӣ баромадам ҳамаи онҳо миёни эътирозгарон қарор доштанд ва маро ҳамаҷониба дастгирӣ мекарданд. Ин аст муаммои инқилоби сеюм", - илова намуд Ҷабборов.

Зимнан, кишвардори тозаинтихоб иқрор шуд, ки қонун истифодаи интернет дар маҳбасхонаҳоро мамнӯъ намудааст, вале ӯ "роҳи ҳалашро ёфт".