Содир Ҷабборов дар интихоботи президентӣ пешсаф аст

Тибқи иттилои пешакӣ Содир Ҷабборов бо ба даст овардани 79,19 дарсади райъи мардум дар интихоботи президентии Қирғизистон пешсаф аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Номзад ба президентии Қирғизистон Содир Ҷабборов аз рӯи натиҷаҳои пешакӣ, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар нашр кардааст, пешсаф аст.

Натиҷаҳои интихобот ҳанӯз ниҳоӣ нестанд, аммо ҳоло маълум аст, ки Содир Ҷабборов нисбат ба дигар номзадҳо раъи бештар ба даст овардааст.

Оғози интихоботи пеш аз муҳлат дар Қирғизистон: киро халқ интихоб мекунад

Тибқи иттилои пешакӣ, ӯ дар ин интихобот 79,19 дарсад раъи мардумро ба даст овардааст.

Натиҷаҳои расмии интихоботи президентӣ танҳо пас аз ба анҷом расидани овозшумории дастӣ эълон хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қирғизистон пас аз истеъфои раисҷумҳури пешини кишвар Сооронбай Жээнбеков, ки пас аз ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 рӯх дод, сурат гирифт.

Дар маҷмӯъ, ба курсии раисҷумҳури Қирғизистон 17 нафар довталаб буд: Содир Ҷабборов, Канатбек Исаев, Миктибек Арстанбек, Клара Сооронқулова, Имомуддин Ташов, Абдил Сегизбоев, Адахан Мадумаров, Аймен Касенов, Улуғбек Кочкоров, Женишбек Байгуттиев, Элдар Абакиров, Курсанбек Арстан Бактибек Калмаматов, Бабирҷон Толбаев, Канибек Имоналиев.

Дар баробари интихоботи президентӣ, дар ин кишвар раъйпурсӣ оид ба шакли идоракунӣ низ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки дар ин кишвар барои баргузории интихоботи президентӣ ва раъйпурсӣ наздик ба 2,5 ҳазор участкаҳои интихоботӣ омода карда шуданд, ки 48-тои он дар хориҷ аз кишвар ташкил ёфтанд.

Нозирони ИДМ интихоботи гузашта дар Қирғизистонро алакай шаффофу озод номиданд. Қонуншиканиҳои хурд ошкор шуданд, аммо онҳо ба натиҷаҳои овоздиҳӣ таъсире нарасонданд.