ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Дувоздаҳ нафар дар вилояти Намонгони Ӯзбекистон пас аз истеъмоли арақ заҳролуд шуданд, хабар медиҳад котиботи Прокуратураи ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, 12 сокини ноҳияи Тӯрақурғанди вилояти Намангон бо нишонаҳои шадиди заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.
Ҳалокати кӯдаки шашсола пас аз "арақхӯрӣ"
Гуфта мешавад, новобаста аз кӯшишҳои пизишкон барои наҷоти ҷони ҳар 12 нафар, ду тан аз онҳо фавтиданд.
Арақ бо тамғаи Русия аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шудааст.
Манбаъ меафзояд, прокуратура феълан дар робита ба заҳролудшавии оммавӣ аз машрубот парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.