Нашри намоҳанги нави Нигина Амонқулова - видео

Нигина Амонқулова ҳунарманди номии тоҷик намоҳанги навашро бо номи "Ошиқам" нашр кард, ки то имрӯз нафарони зиёде аз он тамошо кардаанд
Sputnik

Намоҳанги тозаи хонум Нигина 3 рӯз пеш дар пойгоҳи "Қиём интертеймент" нашр шудаву аз он то имрӯз 11 ҳазор нафар тамошо кардаанд ва 427 кас писандидаанд.

Беҳрӯз Зеваров аз ду соли қаҳрӣ бо Нигина Амонқулова гуфт: байни ҳунармандон ҳам мешавад

Дар он сароянда бо худраве намоён шудаву назди қабре меравад ва гулдаста мегузорад.

Нақши асосиро дар намоҳанг низ худи ӯ бозидааст: дар аввал барои ду нафар қаҳва омода мекунад, дар ҳоле ки дар ҳуҷра касе нест, сипас бо нафаре сӯҳбат мекунад, дар ҳоле ки курсии рӯбарӯяш холист. Дар охири навор маълум мешавад, ки ҳамон ошиқи қаҳрамони он даргузашта будааст.

Нигина Амонқулова дар озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" иштирок кард - овози зинда

Шеъри тарона ба Орзу Исоев ва оҳанги он ба Даврони Раҳматзод тааллуқ дорад.