Тавонмандии иқтисодии вилояти Хатлон дар як дақиқа - видео

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2020 дар вилояти Хатлон 88 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо таъсиси 891 ҷойи кори доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст
Sputnik

Фаъолияти ин коргоҳҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои бастубанди тиббӣ ва дӯзандагӣ равона гардидааст.

Ҳоло шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 623 адад расида, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои дар соли 2020 ба истифодадодашуда ба маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид ва аз ин ҳисоб маблағҳои иловагӣ ба буҷет ворид шуд.

Пешқадами Хатлон: мақомот гуфтанд, кадом ноҳияи вилоят нақшаи даромадро зиёд иҷро кард

Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 448,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, то 1 январи соли 2020 ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 4 лоиҳаи пешниҳоднамудаи соҳибкорони хатлонӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 21,3 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.

Дар маҷмӯъ, собиқ Фонди дастгирии соҳибкорӣ аз оғози фаъолияти худлоиҳаҳои сармоягузории 77 субъекти соҳибкории вилоятро барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 116,9 миллион сомонӣ дастгирӣ намудааст.