Парвандаи Мухторов, масъули ҳукумати Душанбе барои гирифтани қариб 250 ҳазор сомонӣ

Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон аз оғози парванда алайҳи як сармутахассиси ҳукумати Душанбе хабар дод, ки дар гирифтани наздики 250 ҳазор сомонӣ аз ду сокин муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Мухторов Беҳруз Муҳтоҷович дар вазифаи сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кор карда, аз шаҳрвандон барои хусусӣ кардани моликияти коммуналӣ пул мегирифтааст.

Оҷонсии зидди фасод боз корманди Вазорати корҳои дохиларо барои порагирӣ боздошт кард

Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла Мухторов моҳи феврали соли 2019 аз шаҳрванд Сониева Ш. барои тавассути музояда, шахсӣ кардани манзили истиқоматии коммуналии мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, маблағи 24 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ба иттилои Ожонс, инчунин Мухторов бо ин тарз  моҳи апрели соли 2019 аз шаҳрванд Қудратов барои шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналӣ, 225 ҳазору 370 сомониро гирифтааст.

Таъкид шудааст, ки нисбат ба Мухторов бар асоси моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Назари худи Мухторов ва ҷониби ҳимояаш феълан дар бораи ин қазия маълум нест.