Нахустин сабқат ва пирӯзии Фаталшоев дар майдони касбии муштзанӣ-видео

Фатал Фаталшоев, муштзани ҷавони тоҷикистонӣ нахустин сабқаташ дар майдони касбиро бо пирӯзӣ анҷом дод
Sputnik

Фаталшоев бо қади беш аз 180 сантиметрӣ дар вазни сабук ҳунарнамоӣ карда, рақибаш Иброҳим Акперӣ, зодаи Озорбойҷон, ки Русияро намояндагӣ мекард, шикаст дод.

Пирӯзии Алиев ва Чоршанбиев дар мусобиқаи Fight Nights Global- видеоҳо

Шореҳони сабқат иштибоҳан Фаталшоевро зимни гузориши телевизионӣ намояндаи Ӯзбекистон муаррифӣ карданд. Аммо ин муштзани ҷавон, зодаи ВМКБ-и Тоҷикистон буда, 19 сол дорад. Ӯ дар вазни 59 кило сабқат намуд.

Муҳорибаи Тайсону Джонсон: беҳтарин лаҳзаҳои рақобат дар навори кӯтоҳ

Рақибаш Иброҳим Акперӣ баъди анҷоми даври аввал аз идомаи сабқат даст кашид.

Шореҳони сабқат аз омодагии ҷисмонии муштзани ҷавон тавсиф карда, бо қаду басти доштааш ӯро дар ҷаҳони бокс ояндадор арзёбӣ карданд. Таъкид шуд, бо қади баланде, ки Фаталшоев дорад, эҳтимол дар оянда дар вазнҳои болотар зӯрозмоӣ хоҳад кард.