ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Сохтмони панҷ мактаби дорои таълими забони русӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, гуфт Игор Бурулко, котиби якуми сафорати Русия дар Душанбе зимни як нишасти матбуотӣ.
"Чанд рӯз қабл Ҳукумати Федератсияи Русия барои пешрафти кори пудратчии генералӣ маблағ ҷудо кард, майдонҳо барои сохтани биноҳо муайян карда шуданд", - гуфт ӯ.
Ҳукумати Русия 18 декабр барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо кард, фармонро сарвазири Русия Михаил Мишустин имзо кард.
Тибқи қарори ҳукумат, маблағҳои ҷудошуда дар давоми солҳои 2020-2021 ба Душанбе фиристода мешаванд.
Аввалин 3 миллион доллар то охири соли равон интиқол дода мешавад. Маблағҳо барои татбиқи марҳилаи дуюми корҳои лоиҳакашӣ ва марҳилаи сеюми корҳои сохтмону монтаж сарф карда мешаванд.
Бурди Тоҷикистон аз даъвати омӯзгорони рус
"Сохтмони панҷ мактаб, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба забони русӣ таълим хоҳанд дод, мумкин аст тобистони соли 2021 оғоз шавад",- гуфт котиби аввал.
Бурулко қайд кард, ки сохтмон дар доираи созишномаи байни Тоҷикистон ва Русия, ки аз ҷониби президентҳои ду кишвар моҳи апрели соли 2019 ба имзо расидааст, сурат мегирад. Тибқи ин санад, мактабҳо дар панҷ шаҳр - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд, ки ҳар кадоми онҳо 1,2 ҳазор хонанда хоҳанд дошт.
"Моҳи феврал натиҷаҳои озмун барои муайян кардани пудратчии генералӣ ҷамъбаст карда мешаванд, ки он як ширкати Русия ва сипас субпудратчӣ - ташкилотҳои Тоҷикистон хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Ҷониби Русия сохтмон ва муҷаҳҳаз кардани мактабҳоро бо ҳама чизҳои зарурӣ, аз ҷумла утоқҳои кории тиббӣ маблағгузорӣ мекунад. Тоҷикистон аз ҳисоби худ ӯҳдадор аст алоқаи коммуникатсионӣ ва роҳҳои воридшударо созад.
Пас аз ба истифода додани мактабҳо, таълим дар онҳо тибқи стандартҳои таълимии Русия сурат мегирад.
50 омӯзгори рус барои таълим додани хонандагон, озими Тоҷикистон шуданд
Дипломат афзудааст, ки ҷониби Русия ҳамзамон дар баробари сохтани ин иншоот дар шаҳрҳои Тоҷикистон ҳамзамон тамоми таҷҳизот ва китобҳои дарсии зарурӣ барои мактабҳоро харидорӣ ва тақсим мекунад.