Ваксина дар беморхонаи ChristianaCare, Delaware ба президент гузаронида шудааст.
Ҳамзамон, ин расмиёт на дар паси дарҳои баста, балки, баръакс, бо фарогирии васеи ВАО сурат гирифт.
Байден телевизионро даъват кард ва лаҳзаи эмгузаронӣ мустақиман пахш шуд.
Президенти тозаинтихоб эътироф кард, ки мехост бо намунаи худ нишон диҳад, ки дар ваксина ҳеҷ чизи хатарнок вуҷуд надорад.
"Ман ин ваксиназаниро анҷом медиҳам, ки ба мардум нишон диҳам бояд омода бошанд, ки ҳар замон ваксина дар дастрас буд, аз он истифода кунанд",-гуфт Байден пас аз гирифтани ваксина.
Як рӯз пеш, зани ӯ Ҷилл низ эм карда шуда буд.
Пештар дар ИМА ҷанҷоли марбут ба Pfizer ва ваксинаи онҳо сар зад. Пас аз ваксина кардан бо ин дору, яке аз ҳамшираҳои тиббӣ аз ҳуш рафта буд.
Духтарак ба саволҳои журналистон посух дод ва он лаҳза худро бад ҳис кард.
Бар пояи оморҳои ахир дар Амрико беш аз 315 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидаву беш аз 17,5 миллион тани дигар мубтало гаштаанд.