ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи 15 декабри соли равон рух дода, дар як муддати кутоҳ панҷ дӯкони фурӯши молҳои рӯзгорро ба коми худ кашид.
“Ба ҷойи ҳодиса афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Турсунзода расиданд. Онҳо ҳамроҳ бо сокинону фурӯшандаҳои бозор ва истифодаи 7 мошини сӯхторхомӯшкунии хадамоти оташнишонии шаҳр оташро хомӯш карданд”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.
Манбаъ таъкид кард, ки сабаби сӯхтор феълан маълум нест. Шарҳ ва навори сӯхтор дар сомонаи КҲФ нашр шудааст.
КҲФ масоҳати умумии сӯхторро 115 метри мураббаъ гуфта, таъкид намудааст, ки талафоти ҷонӣ бар асари сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.