ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Сарфи назар аз маҳдудияти содироти чорво аз Қирғизистон онро тариқи қочоқ ҳанӯз ҳам ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода истодаанд, изҳор дошт Тилек Токтогазиев, вазири кишоварзии Қирғизистон зимни ҷаласаи парлумон.
Вазири кишоварзӣ таъкид намуд, ки чорво аз кишвар чун моли гӯиё белорусӣ тариқи қочоқ содирот шуда истодааст.
Ӯ аз боздиди гуруҳи корӣ аз гузаргоҳи марзии “Сосновка” нақл кард.
“Тайи як соат ду мошини калони боркаш аз марз гузаштанд, ки ҳар якашон 30 сар чорво доштанд. Ними чорво бидуни тамға буданд”, - изҳор дошт вазир.
Токтогазиев илова намуд, ки чорворо гӯиё аз Белорус овардаанд, аммо ҳуҷҷатҳо хеле шубҳабарангез буданд. Ба гуфтаи вазир, бояд мақомоти дахлдор ба таҳқиқи чунин ҳолатҳо машғул шаванду аз қочоқ ҷилавгирӣ намоянд.