Дар ниҳоят Байден пирӯз шуд: чаро Трамп реванш пешниҳод накард

Аз ҷониби коллегияи интихобкунандагон ягон сюрприз нашуд, чуноне интизор мерафт, Ҷо Байден 306 овоз ва Доналд Трамп 323 овозро соҳиб шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik, Софя Мелничук. Демократ ба инаугуратсия наздик шуд, дар ҳоле, ки шонсҳои президенти кунунӣ барои азнавҳисобкунии овозҳо дар пеши чашмонамон об мешаванд. Чӣ чиз монеаи пирӯз шудани Трамп дар додгоҳ шуд.

Шоҳиди "сархуш"

"Ман медонам, чӣ дидам. Ва ман дар ҷое имзо кардам, ки гуфта мешуд: агар дурӯғ гӯям паси панҷара меравам. Шумо чӣ? Дар рӯйхати сатбшудаи интихобкунандагон садҳо нафар нестанд...бармеояд, ки танҳо 120 дарсади овоздиҳандагон ширкат кардаанд. Мелисса Карон - "шоҳиди ситоравӣ" -и командаи Доналд Трамп дар Детройт аз ҷой доштани қонуншуканӣ дар нитихобот шоҳидӣ дод. Ӯ гапи сенаторро, ки суол медод тез-тез мебурид ва ҳимоятгари президент Руди Ҷулианӣ ҳатто ӯро ақиб кашид.

Баъд аз Путин Раҳмон ҳам Байденро табрик кард

Бархеҳо фикр карданд, ки ин зан аз сархушӣ сухан гуфт. Дар охир Мелисса дар интернет сенсасия шуд ва қаҳрамони шоу Saturday Night Life гардид.

Ҷонибдорони Трамп натавонистанд исбот кунанд, ки кормандони ҳавзаҳои интихоботӣ ду маротиба "даҳҳо ҳазор" бюллетенҳоро тавассути сканнерҳо гузаронидаанд ва гӯё варақаҳои чапро ба маркази ҳисобкунӣ дар микроавтобусҳои расонидани хӯрок овардаанд.

Хабар дар бораи маҳкумшуда будани "шоҳид" эътимодро нисбати ӯ бештар накард. Расонаҳо хабар доданд, ки Мелисса ба собиқ зани дӯстписараш навори маҳрамона равон кардаст.

Дар додгоҳ гурӯҳи Трамп мехост бори дигар натиҷаҳои интихоботи моҳи ноябрро баҳс кунанд. Вале ҳар боре, дар додгоҳ корҳои қаллобиро исбот карданӣ мешуданд, мушкил пеш меомад. 

Шармандагӣ пас шармандагӣ

Штаби Трамп дарҳол пас аз анҷоми интихобот қарор кард, ки ба додгоҳи минтақавӣ шикоят мебаранд. Дар асл фақат номувофиқӣ шуд. Масалан дар Аризона интихобкунандагон ва ҷонибдорони ҷумҳурихоҳон шикоят карданд, ки дастгоҳ овозҳои онҳоро умуман ба назар нагирифт, чун онҳо бо қалами ширкати Sharpie пур карда шуда буданд.

Дар ниҳоят: Путин Байденро бо пирӯзиаш табрик кард

Вале ҳангоми баррасӣ, шоҳидон худ ба гуфтаҳояшон зидд баромаданд: гуфт, ки овозҳо умуман ба сабаби ҳамин қаламҳо кур шуданд. Зиёда аз ин ҳимоятгар Кори Лангхофер изҳор дошт, ки сухан на дар бораи қаллоббӣ, балки "баъзе ҳолатҳои хатогиҳои нохост меравад". Ба саволи оё барои шоҳидӣ ба онҳо маблағ додаанд, яке аз шоҳидон посух дод, ки намедонад: то ҳол касе бо ӯ ин масъаларо баррасӣ накардааст, вале агар шавад ӯ муқобил нест.

Дар додгоҳи Ҷорҷия корманди хадамоти амнияти киберӣ исрор меварзид, ки шумораи ҳисобкардаи дастгоҳ аз теъдоди овоздиҳандагони сабтшуда, бештар будааст. Ростӣ на дар Ҷорҷия балки дар Мичиган. 

Дар Пенсилвания, ки яке аз минтақаҳои асосӣ барои ҳалли интихобот  ба ҳисоб меравад, ҳуқуқшиносони Трамп аз дер боз омодагӣ медиданд. Вале натавонистанд далелҳои хуб ҷамъоварӣ кунанд. Дар аксари вақт худи ҳуқуқшиносон иқрор мешуданд, ки далелҳои қаллобӣ умуман вуҷуд надорад.

Шонси охирин

Интизор мерафт, ки қазияи Техас ҳафтае пеш дар ин воқеъа ҳалшаванда мебуд. Даъво дар бораи бекор кардани натиҷаҳои интихобот дар Ҷорҷия, Мичиган, Пенсилвания ва Висконсин ба додгоҳи олӣ равон карда шуд. Прокурори генералии Техасро 17 иёлот дастгирӣ карданд.

Шикоят махсусан ба Додгоҳи олӣ бурда шуд, чун ин ниҳод баҳсҳоро миёни минтақаҳо бе дахолати мақомоти поёнӣ ҳал мекунад. Аслан бо ҳамин барнома муноқишаи марзӣ ё тақсимоти захираҳои обӣ ҳал карда мешаванд. Вале ин бор сухан дар бораи он мерафт, ки натиҷаҳои интихобот ғайриконститутсионӣ аст ва онҳо бояд бекор карда шаванд.

Акнун расман? Байден Трампро дар интихоботи президентии ИМА шикаст дод

Далелҳои воқеъӣ оварда нашуд. Чуноне интизор мерафт, додгоҳи олӣ даъворо бекор кард. Таъйиншудагони Трамп миёни судяҳо низ кумак накард. 

Сенатор-ҷумҳурихоҳ аз иёлоти Небраска Бэн Сасс хулоса баровард: "Қарори Додгоҳи олӣ, ҷое, ки се таъйиншудаи Трамп менишинанд - барои ҳар як амрикоие, ки риояи қонун барояш муҳим аст, тасаллибахш мебошад".

Бори охир Додгоҳи олӣ тақдири интихоботро соли 2000-ум ҳал карда буд. Он замон ноаён буд, кӣ дар Флорида пирӯз шудааст - Алберт Гори демократ ё ҷумҳурихоҳ Ҷорҷ Буши хурдӣ. Иёлоте, ки губернатораш бародари Ҷорҷ - Ҷеп буд, пирӯзиро ба намояндаи ҷумҳурихоҳон лоиқ донист.

Овозҳоро бо хоҳиши демократҳо аз нав ҳисоб карда буданд, барои ҳар блютен ҷанг мерафт, ба ҳар як номувофиқатӣ даст мезаданд, вале қазия ҳал намешуд. Дар охир Додгоҳи олӣ қарор кард, ки натиҷаҳои аввала қабул карда шавад. Ба овозҳои камтари интихобкунандагон нигоҳ накарда Ҷорҷ Буш президент шуд.

Дар остонаи интихобот бархеҳо ҳарос доштанд, ки сенария боз такрор мешавад ва судяҳои таъйинкардаи Трамп ӯро тарафдорӣ мекунанд. Вале вазифа дар Додгоҳи олӣ якумрӣ аст ва судяҳо барои курсиашон аз Трамп миннатдор нестанд.

Интихоби интихобкунандагон

Нуқтаи ҳалл шӯрои интихобкунандагон шуд. Шумораи онҳо аз теъдоди сокинон вобаста аст: чанде, ки шумораи аҳолӣ бештар бошад, теъдоди интихобкунандагон ҳамон қадар бештар аст.

Ҳамин тавр аз Калифорния ва Флоридаи зичаҳолӣ 55 ва 38 интихобкунандагон ширкат мекунанду аз Дакотаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ сетоӣ. Барои пирӯз шудан бояд 270 овози интихобкунандагонро ба даст овард.

Байден гуфт, дар давраи ҳукмронияш бо Русия чӣ гуна муносибат хоҳад дошт

Мунаққидон мегӯянд, бо гирифтани камтарин овозҳои мардуми Амрико кас метавонад презденти кишвар шавад. 

Ин дафъа ҳама чиз пешгӯишаванда буд: дар кишвар принсипи "ҳама чиз ғолиб аст" амал мекунад. Ба тариқи дигар, роҳбар дар ҳар як иёлот овозҳои ҳамаи интихобкунандагони маҳаллиро мегирад, хоҳу нохоҳ.

Дар таърихи Иёлоти Муттаҳида ҳолатҳое буданд, ки интихобкунандагон бар хилофи иродаи аксарияти овоздиҳандагон баромад карданд. Бори охир ин ҳодиса дар соли 2016 рух дода буд: Панҷ демократ ва ду ҷумҳурихоҳ ба таври чашмдошт овоз надоданд. Дар воқеъ, Конститутсия онҳоро ба ҳеҷ чиз вазифадор намекунад, аммо дар баъзе минтақаҳо барои қасдан содир кардани онҳо ҷарима ё ҳатто зиндонӣ мешаванд.

Рӯзи 6 январ ҳарду палатаи Конгресс натиҷаҳои овоздиҳиро баррасӣ мекунанд ва танҳо пас аз он пирӯзии ниҳоии Байденро эълон хоҳанд кард. Аммо, дар рӯзи сеюми ҳамон моҳ, ҳайати Конгресс нав карда мешавад. Аз ҷиҳати назариявӣ, шикасти Трампро ҳанӯз эътироф кардан мумкин нест - ва ин шояд охирин шонси президенти феълӣ бошад.