Идомаи поксозии заминҳои Степанакерт аз мина - навор

Сапёрҳои Маркази зиддиминавии Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар манотиқи Қарабоғи Кӯҳӣ ба поксозии замин аз минаҳо идома медиҳанд
Sputnik

Сапёрҳои русиягӣ ҳавлиҳо ва заминҳои шахсии сокинони Степанакертро аз минаҳо тоза мекунанд. 

Нобудсозии лавозимоти ҷангии ёфтшуда дар Степанакерт-навор

Ҳамин тавр, сулҳбонони Русия бо тоза кардани лавозимоти ҷангӣ, ки дар паи муноқишаҳо миёни Арманистону Озарбойҷонин ҷамъ шуд, зиндагии амyи сокинонро кафолат медиҳанд.

Қайд мешавад, ки дар давоми як шабонарӯз 130 бино тафтиш шуда, 172 ашёи тарканда барои нобудсозӣ интиқол дода шудааст ва ҳамчунин 4760 ашёи дигари тарканда безарар гардонида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки бо дахолати президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, шоми 10 ноябр миёни Арманистон ва Озарбойҷон созишномаи оташбас имзо шуд.

Котибот истеъфои Пашинянро рад кард

Тибқи ин созишнома, Арманистон вазифадор аст, заминҳои Озарбойҷонро бозгардонад ва низомиёни ин кишвар манотиқи ишғолкардаро тарк кунанд.

Барои идораи риояи созишномаи оташбас Русия ба минтақаи ҷангӣ беш аз 2 ҳазор низомӣ фиристод.