Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои нахустин бор дар ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суханронӣ кард. Зимни мулоқоти, ки ба таври видеои сурат гирифт Ӯзбекистон расман ҳамчун нозир дар ин Иттиҳодия эълон шуд.
Зимни суханронии худ Шавкат Мирзиёев таъкид дошт, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё – кишварҳои асосӣ ва табии дар бахши иқтисоду савдои Ӯзбекистон мебошанд.
Зимни ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод метавон ҳамкориҳоро дар бахши саноат тақвият дод. Вай инчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар ин иттиҳодия метавон сифат ва самаранокии захоири кориро боло бурду ба имкониятҳои логистикиву нақлиётӣ тақвият бахшид.
Раисҷумҳури Белорус Александр Лукошенко бо ҳуқуқи роҳбари Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба давлати Ӯзбекистон муваффақият хост.
Лукошенко таъкид кард, ки Мирзиёев – намунаи роҳбарест, ки барои кишвари худ, бо роҳи ислоҳот барои беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ мубориза мебарад.