ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия шанбешаб бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонӣ гуфт: “раисиҷумҳури Туркия ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзӣ ва сарзаминии Эрон эҳтироми комил гузошта ва аз ҳассосиятҳо перомуни шеъри қироат шуда низ огоҳ набуда ва онро фақат дар иртибот бо Лочин ва Қарабоғ медонист ва ба ҳамин далел онро дар маросими гузашти низомӣ Боку хонда аст”, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Зариф низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар аҳаммияти равобити дӯстона ва ҳокӣ аз эҳтироми ду кишвар ва низ равобити самимона миёни раисиҷумҳури Туркия ва мақомоти Эрон ибрози умедворӣ кард: “равобити дуҷониба дар бистари эътимоди мутақобил беш аз пеш густариш ёбад”.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия 10 декабр дар ҷашни пирӯзии ҷанги Қарабоғ дар Бокӯ шеъре дар робита бо рӯди Арас хонд, ки алайҳи тамомияти арзии Эрон маҳсӯб мешуд.
Вазорати умури хориҷаи Эрон низ рӯзи ҷумъа бо эҳзори сафири Туркия дар Теҳрон ва эъломи маротиби эътирози шадиди Ҷумҳурии исломӣ ба изҳороти ҷудоиталабонаи Эрдуғон, посухи фаврии давлати Туркия дар ин бораро хостор шуд.
Ин изҳороти Эрдуғон бо мухолифатҳои густардаи мардуми Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо рӯ ба рӯ шуд.