ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Гулистон, дар ин китобхона асарҳои таърихиву сиёсӣ, илмиву бадеӣ ва фарҳангӣ зиёда аз 350 нусха китоб ҷойгир карда шуд.
Гуфта шудааст, ки китобхонаи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода, дар баробари фароҳам овардани китобҳои бадеӣ, инчунин беш аз 20 номгӯи матбуоти даврӣ, аз қабили рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ барои хонандагон пешниҳод гардидааст.
Озмун дар Суғд: беҳтарин китобхона барандаи 12 ҳазор сомонӣ мешавад
Қайд шудааст, ки китобхона ба кормандони шаҳри Гулистон имкон медиҳад, ки барои такмили дониш, ҷаҳонбинӣ ва дарёфти иттилоот аз он самаранок истифода баранд.