Ифтитоҳи Лавҳаи ёдгории сарбозони ҳалокшудаи ҶБВ дар Қаратоғ - гузориши аксӣ

Sputnik

Маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) рӯзи 9 декабр баргузор шуд.

Дар ин маросим сиёсатмадорон, афсарону аскарон, фаъолони ҷомеа ва шеху ақрабои куҳансарбозон ширкат карданд.

Дар Қаратоғ муҷассамаи иштирокчиёни ҶБВ афрохта шуд

"Касе баргашт, касе дар майдонҳои ҷанг монду фавтид. Ин ҷо беш аз 500 навиштаҷот, зиёда аз 500 ному насаб ҳаст. Инҳо шахсоне мебошанд, ки дар ҳимояи Ватани мо, истиқлолияти Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми бузург гузоштаанд. Он замон ҳамаи мо якҷоя ҷанг кардем" , - гуфт дар ин чорабинӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Лавҳаи ёдгорӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бо дастгирии сафорати Русия ва ширкатҳои тоҷикӣ сохта шудааст.

Гузоштани лавҳаи хотиравӣ барои сержант Амонов: бар зидди гурӯҳи Худойбердиев ҷангида буд

Лавҳаи ёдгорӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бо дастгирии сафорати Русия ва ширкатҳои тоҷикӣ сохта шудааст.

Дар лавҳа исми 571 иштирокчиёни ҶБВ - сокинони деҳаи Қаратоғ зикр шудааст, ки 234 нафари онҳо дар набардҳо ҳалок шудаанд.

Аз шаҳри Турсунзода зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, 2 ҳазору 200 нафарашон аз майдони набард барнагаштанд.

1 / 11
Сарбозони пойгоҳи 201-ум бар пояи лавҳа гулдаста мегузоранд.
2 / 11
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бар пояи лавҳаи ёдгорӣ дар Қаратоғ гулдаста гузошт.
3 / 11
Наберагони қаҳрамонон барои пос доштани ёди бобоҳояшон аксҳояшонро намоиш медоданд.
4 / 11
Лавҳаи ёдгорӣ бо ибтикори сокинони маҳаллӣ бо дастгирии сафорати Русия ва ширкатҳои тоҷикӣ сохта шудааст.
5 / 11
Ифтитоҳи Лавҳаи ёдгорӣ барои иштирокчиёни ҶБВ дар Қаратоғ.
6 / 11
Оркестри низомӣ сурудҳои даврони ҶБВ -ро сароиданд.
7 / 11
Кӯдакон таҳти навои сурудҳо дар бораи қаҳраомнӣ дар ҶБВ рақсиданд.
8 / 11
Ба ин маросим собиқадорон низ даъват шуда буданд.
9 / 11
Набераҳо ва абераҳои сарбозони ҷонбохта суруд хонданд.
10 / 11
Маросими ифтитоҳи лавҳа таваҷҷуҳи сокинони маҳаллиро ба худ ҷалб кард.
11 / 11
Ифтитоҳи Лавҳаи ёдгорӣ барои иштирокчиёни ҶБВ дар Қаратоғ.