Бозгашти номуваффақ: мушаки Илон Маск ҳангоми фуруд омадан таркид: видео

Парвози мушакии дусоатаи яке аз олимон ва озмоишгарони пешрафтаи замин номуваффақ бо таркиши азим ба анҷом расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Санҷиши мушаки Starship сохти Илон Маск пас аз ба итмом расонидани вазифаҳояш таркид.

Навори нодири партоби мушаки зиддимушакӣ дар Қазоқистон

Тавре дар навор мушоҳида мешавад, мушак пас аз бозгашт ҳаракаташ суст шудаву давоми чанд сония метаркад.

Ширкати Илон Маск видеои пурраи озмоишҳоро дар канали расмии худ дар Ютуб нашр кард.

Гуфта мешавад, ки таркиш ҳангоми фуруд аз фишори пасти зарфи сӯзишворӣ ҳангоми фуруд рух додааст.

Ин "Пирӯзӣ" аст: сомонаи замин ба ҳавоии С-400 тамоми нишонҳоро ба ҳадаф расонд – видео

Худи Илон Маск, пас аз санҷишҳо, ва ҳодисаи рухдода, парвозро бомуваффақият номид.