Ба самбусапазҳо мефурӯхт: мусодираи 173 кг гӯшти пастсифат аз сокини Рӯдакӣ - навор

Сокини Рӯдакӣ дар таҳхонаи манзили зисташ миқдори зиёди гӯшти пастсифатро дар шароити ғайрисанитарӣ нигоҳ медошт
Sputnik

ДУШАНБЕ,  10 дек — Sputnik. Кормандони милитсия дар ноҳияи Рӯдакӣ сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки ба фурӯши гӯшти пстсифат машғул буд.

Ба иттилои манбаъ, Тӯраев Абдурашиди 56 - сола, дар таҳхонаи манзили истиқоматии худ дар шароити бади санитарӣ ба коркарди каллаҳои гов ва гӯсфанд машғул будааст.

Мусодираи 27 тон гӯшти пастсифат дар Суғд: се соҳибкор барои ҳасиббарорӣ нигоҳ медоштанд

Манбаъ меафзояд, Тӯраев гӯшти омоданамударо бо дӯконҳои самбусафурӯшӣ бурда, мефурӯхтаст.

Таъкид мегардад, ки гӯшти омоданамудаи ӯ ба ягон талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуда метавонад инсонро ба ҳар гуна маризиҳо гирифтор кунад.

Боздошти се соҳибкор дар Душанбе барои фурӯши 60 тонна гӯшти пастсифат ва бӯйзада - видео

Кормандони милитсия аз таҳхонаи сокини маҳаллӣ ба миқдори 173 килограмм гӯшти пастсифатро дарёфту мусодира карданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар робита ба ҳолати мазкур корҳои тафтишотӣ идома дорад.