Рустами Эмомалӣ бо Абдулазиз бин Туркӣ Бозиҳои Олимпиро баррасӣ кард

Рустами Эмомалӣ бо вазири варзиш, раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, масъалаи Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030 - ро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо вазири варзиш, раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз - 2030 Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ тақвият меёбад

Бино ба гузориши манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Рейтинги клубҳои AFC: мавқеъҳои нави "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

Ҷонибҳо ба вусъати ҳамкориҳо байни сохторҳои варзишии ду кишвар, аз ҷумла байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистони Саудӣ, инчунин кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ таваҷчуҳи хос зоҳир намудаанд.

"Дар рафти музокирот атрофи масъалаҳои марбут ба баргузории Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030 дар Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор сурат гирифт", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ин мулоқот, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷчуҳи тарафайн баррасӣ шудааст.