Бонки марказии Афғонистон дар маъракаи интихоботии Амрико ба Ҷо Байден кумак кардааст?

Як узви сенати Афғонистон иддао кард, ки бонки марказии кишвараш ба ситоди интихоботии раисҷумҳурии мунтахаби Амрико Ҷо Байден кӯмак кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Ҳасибуллоҳ Калимзай, раиси камиссиюни иртибототи байналмилалии маҷлиси сенати Афғонистон ахиран дар маросими гиромидошти рӯзи мубориза бо фасоди идорӣ гуфтааст, ки ҳудуди шаш моҳи пеш пас аз қатъ шудани барқ ва аз кор афтодани дурбинҳои амниятии Бонки марказӣ, аз ин бонк барои ситоди интихоботии Ҷо Байден номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико пул фиристода шудааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои афғон.

Беш аз 47 дарсади мардуми Афғонистон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд

Ба иттилои манбаъ, Калимзай қатъ шудани барқ дар Бонки марказиро ғайри оддӣ хонду аз додситонии кулли Афғонистони хост то ин қазияро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунанд.

Шарти қабули шикасти Трамп дар интихоботи президентии Амрико эълон шуд

Бояд гуфт, ки ҳудуди шаш моҳи пеш гузоришҳое дар бораи қатъ  шудани барқ ба муддати чанд соат дар Бонки марказии Афғонистон мунташир шуд.

Бонки марказии Афғонистон пас аз нашри ин гузоришҳо дар баёнияе эълом карда будааст, ки дурбинҳои амниятии он ниҳод ба далели мушкилоти фаннӣ аз кор афтода буданд.