Машҳуртарин тамғаи мошинҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон маълум шуд

Машҳуртарин мошинҳои хориҷӣ дар байни тоҷикон "Опел", "Хундай", "Тойота" ва "Мерседес" будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон воридоти мошинҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ҳамин тавр, дар сар аз январ то октябри соли 2020, Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 184,2 миллион доллар мошин ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 32,4% ё 88,4 миллион доллар камтар аст.

Гуфта мешавад, аксари мошинҳои ба кишвар воридшаванда худравҳои истифодашудае мебошанд, ки ба категорияи нархҳои нисбатан паст тааллуқ доранд.

Воридоти мошин ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Таъминкунандагони аслии мошинҳои сабук ба Тоҷикистон кишварҳои ИА мебошанд ва маъмултарин мошинҳо дар байни тоҷикон "Опел", "Хундай", "Тойота" ва "Мерседес" будааст.

Дар мавриди мошинҳои боркаш бошад, онҳо ба кишвар, асосан аз Чин оварда мешаванд.

Зарбаи пандемия ба воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон: беш аз 30% кам

Хадамоти гумруки Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки ҳаҷми содироти воситаҳои нақлиёт дар давраи мушаххаси 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 73% ё 10,5 ҳазор доллар кам шуда, беш аз 3,8 миллион долларро ташкил додааст.

Мошинҳоеро, ки Интерпол мекофт, ба Тоҷикистон интиқол доданӣ буданд