"Кепка бо акси Масъуд": туҳфаи тоҷикон ва ваъдаи Ҳабиб барои як мусобиқа дар Душанбе-видео

Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ният дорад дар Тоҷикистон мусобиқа баргузор кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов изҳор доштааст, ки мехоҳад дар Душанбе як мусобиқаи калон баргузор кунад, чун ҳаводорони ин намуд варзиш дар Тоҷикистон ниҳоят зиёданд.

Баъди Рамазон: Ҳабиб санаи баругзории GFC 20 дар Ӯзбекистонро гуфт

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар як нишасти матбуотӣ дар мавриди нақшаҳои минбаъдаи худ дар ояндаи наздик ибрози назар кард.

Талоши Ҳабиб барои ворид кардани набардҳои ММА ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпӣ

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ, аз Ҳабиб пурсида шуд, ки нияти дар Тоҷикистон баргузор кардани мусобиқаро дорад ё хайр, ҷавоби мусбат дода шуд.

"Бале, мо чунин ният дорем. Зеро он ҷо теъдоди ҳаводорони ин намуд варзиш зиёд буда, ҳамзамон размикорони тайёр низ ҳаст, ки тавони гирд овардани шумораи зиёди тамошобинонро доранд", - тавзеҳ дод Нурмуҳаммадов.

Размикори доғистонӣ илова намуд, ки соли оянда ҳатман як мусобиқа дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар фарҷом аз номи мухлисони тоҷик ба Ҳабиб сарпӯше бо тасвири Аҳмадшоҳи Масъуд ҳадя карда шуд.