Русия Майк Тайсонро ба Маскав даъват карданист

Федератсияи бокси Русия мехоҳад ба Майк Тайсон ва Рой Ҷонсон пешниҳод кунад, ки дар соли 2021 як муҳорибаи такрорӣ дар Маскав баргузор кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Федератсияи бокси Русия нақшаи пешниҳоди  баргузории муҳорибаи такрории Майк Тайсон ва Рой Ҷонсонро дар Маскав дар соли 2021 дорад.

"Офарин, муҳориба хело шавқовар буд. Ҳарду ҳам ба сину соли худ нигоҳ накарда, хело хуб омода шуда буданд. Бояд реванш пешниҳод кард, ки дар Маскав дар соли 2021 баргузор шавад. Бо онҳо баррасӣ хоҳем кард, ки дар Рӯзи бокс баргузор кунем", - гуфтааст котиби кулли Федератсияи бокси Русия Умар Кремлёв.
Муҳорибаи пурраи Майк Тайсон ва Рой Джонс - навор

Хотиррасон мешавем, ки Рӯзи бокс 22 июл таҷлил карда мешавад.

Имрӯз, 29 ноябр Тайсон ва Ҷонс дар Лос-Анҷелес муҳорибаи намоишии ҳаштдавра бо тартиботи вижа, ки мусовӣ ба поён расид, баргузор карданд.

Муҳориба дар саҳнаи варзишии "Стэйплс-центр" баргузор гардид. Варзишкорон дар ҳашт давра қувваозмоӣ карданд. Аммо нафаре аз онҳо дигареро мағлуб карда натавонист.

Тайсон ва Ҷонс ҳарду ҳам ситораиҳои олами бокс мебошанд. Бештар аз 50 муҳориба кардаанд ва Қаҳрамони мутлақи бокс дар ҷаҳон мебошанд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Тайсон 54 сол дорад, ӯ дар 58 муҳориба иштирок карда, 50 маротиба пирӯз шудааст (дар 44 муҳориба ҳарифашро "нокаут" кардааст), шаш маротиба мағлуб гаштаву, ду муҳорибааш баргузорношуда эътироф гаштаанд. Ҷонсон 51 сол дорад ва соли 2018 тарки майдон карда буд.