"Падари барномаи ҳастаии Эрон" кушта шуд: кӣ аз марги Муҳсин Фахризода манфиатдор аст

Тибқи ҳисобҳои коршиносон, қатли яке аз олимони саршиноси Эрон бо куштори генерал Сулаймонӣ дар аввали соли 2020 муқоиса кардан мумкин аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Хабаргузории эронии “Тасним” дар бораи марги физики ҳастаӣ Муҳсин Фахризода хабар дод. Ин маълумотро баъдан шахсиятҳои расмӣ низ тасдиқ карданд.

Чоҳкан зери чоҳ: қотили Сулаймонӣ дар Афғонистон кушта шуд

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамлагарон дар аввал мошини олимро тарконданд ва вақте ки ин натиҷа надод, мошинро парронидаанд. Худи Фахризода бо чархбол ба бемористон интиқол ёфтаву  дар он ҷо ҷон додааст.

Фармондеҳи артиши Эрон Абдулраҳим Мусавӣ дар як изҳорот ба матбуот қатли олимро "кори Иёлоти Муттаҳида" номид. Сиёсатмадори дигари давлатӣ, вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф Исроилро ба ҳамла ба физики ҳастаӣ айбдор кард.

Муҳсин Фахризода соли 1958 таваллуд шудааст. Пеш аз он ки бо ҳукумат кор кунад, ӯ дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ хидмат кардааст, пас аз артиш ба ҳайси муаллими физика дар Донишгоҳи Имом Ҳусейн дар Теҳрон кор кардааст.

"Падари барномаи ҳастаии Эрон" кушта шуд: кӣ аз марги Муҳсин Фахризода манфиатдор аст

Тибқи иттилои СММ, Фахризода корманди калони илмии Вазорати дифоъ ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва раҳбари собиқи Маркази таҳқиқоти физика буд.
Бар пояи иттилои хадамоти ҷосусии Амрико, ин донишманд дар феҳристи масъулони барномаи ҳастаии Эрон сабт шудааст ва инчунин дар барномаи силоҳи ҳастаии Эрон кор кардааст.

Лавров: Амрико бо куштори Сулаймонӣ аз тамоми чаҳорчӯбаҳо берун ҷаст

Сиёсатшинос Станислав Тарасов дар муколама бо радиои Sputnik қайд кард, ки қатли Фахризодаро аз ҷиҳати аҳамият бо куштори генерал Қосим Сулаймонӣ муқоиса кардан мумкин аст.