Таъсир ба бозори “мардикорон” -и Хуҷанд: COVID-19 нархи корҳоро арзон кард

Корҷӯён ва ё ба истилоҳ “мардикорон” дар Хуҷанд мегуянд, хуруҷи бемории COVID-19 сабаби поён рафтани арзиши кори онҳо гаштааст. Ҳоло дар минтақаи Гулистони Хуҷанд, ки бо номи “мардикорбозор” маъруф аст, шумори корҷӯён ба маротиб зиёд шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik.  Бо Ҳасан Раҷабов, ки гуфт сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, дар “мардикорбозор” ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ аз мушкили хуруҷи бемории ҳамагири каронавирус ва пастравии ҳаққи коргарони ин бозор иброз намуд.

“Пештар сарҳадҳо кушода буд  зуд - зуд мошинҳо бор меоварданд, соҳибони бор барои фаровардани он, моро киро мекарданд ва аз ин ҳисоб мо пул кор мекардем. Ҷанд вақт аст, ки кор дуруст ёфт намешавад”,  - гуфт Раҷабов.

Арзиши кори як рӯзаи “мардикорон” то 50 сомонӣ поён рафт

Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, бо сабаби баста будани сарҳадот, шуморе аз касоне, ки ба муҳоҷират рафта натавонистанд, ҳоло рӯзии худро аз ҳисоби дарёфти кор дар ин бозор дарёфт мекунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳоло аз ҳисоби зиёд шудани сафи “мардикорон” арзиши кор поён шудааст.

“Корфармоён мебинанд, ки мо корҷӯён зиёд аст бо арзиши паст кор пешниҳод мекунанд. Чун медонанд, ки агар мо корро бо он нарх рад кунем, нафарони дигар розӣ мешаванд. Пештар барои як рӯзи корӣ ба чор нафар 300 то 320 сомонӣ пешниҳод мекарданд, ҳоло ҳамагӣ 220 сомонӣ медиҳанд”, - гуфт сокини ноҳияи Б. Ғафуров.

Аз сӯҳбат бо “мардикорон” маълум мешавад, ки онҳо аз ҳар шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои дарёфти кору рӯзӣ ба Хуҷанд ба ин бозор омадаанд.

Мардикорбозорҳои Тоҷикистон танзим мешаванд

Нафаре, ки худро Умед муаррифӣ кард, гуфт аз ноҳияи Айнӣ ба ин бозор омадааст. Вай гуфт, набуди ҷои кори мувофиқ дар ноҳия, ӯро водор кардааст, ки ба “мардикорбозор” и Хуҷанд оянд ва аз ҳисоби дарёфти кори кироя, рӯзии худу хонаводаашро таъмин намояд.

COVID-19 сафари муҳоҷиронро ба Русия боз дошт

Ин сокини ноҳияи Айнӣ гуфт, то замони хуруҷи бемории COVID-19 ҳисоби хонаводаро аз кору заҳмати муҳоҷирати Русия дарёфт мекард, аммо пандемия монеаи кору нақшаҳои ӯ шудааст.

“Мо ҳафт сол боз ба вилоятҳои Сургут ва Томск и Русия рафта, 6-7 моҳ кор карда бармегаштем. Имсол бо сабаби баста будани сарҳадот рафта натавонистем. Дар хона бекор нишаста намешавад. Ҳоло нархи ҳама маҳсулот дар бозор гарон аз ҷумла 5 литр равған ба 100 сомонӣ баробар шудааст. Барои харидани равған моро лозим аст, ки ақалан ду се рӯз кироя кор кунем”  - иброз намуд Умед.

Дар Тоҷикистон, сарфи назар аз пандемия, шумораи бекорон коҳиш ёфтааст

Ин ҳамсуҳбати мо мегуяд, аз он, ки сафи ӯ барин “мардикорон” дар бозор зиёд аст, ва дарёфти кор мушкил шудааст.

Вай мегуяд, рӯзона то 40-50 сомонӣ аз ҳисоби кор меёбад ва нисфи онро барои харидани ғизои ва пардохти ҳуҷраи хоб дар Хуҷанд масраф карда, нисфи дигарашро барои харидани маводи ниёзи рӯзғор ба хонаводааш мефиристад.

Бино ба гуфти Умед шуморе аз онҳое, ки ба мисли ӯ аз навоҳии дурдаст ба “мардикорбозор” омадаанд, шабро дар хонаи пайвандон ва баъзеи дигар дар бозорҳо  рӯз мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати агентии меҳнат ва  шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, давмои даҳ моҳи соли ҷорӣ, 34 ҳазору 707 нафар аз шаҳру ноҳияҳои вилоят сокинон муроҷиат намудаанд, ки аз ин теъдод 22 ҳазору 954 нафарони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.  

Таъсир ба бозори “мардикорон” -и Хуҷанд: COVID-19 нархи корҳоро арзон кард

Бино ба гуфтаи Нодирӣ шумори муроҷиати корҷӯён дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ ба андозаи 1951 маврид кам шудааст.

“Давмои даҳ моҳи соли 2019 дар умум 36 ҳазору 658 нафар барои дарёфти кор дар ҳудуди вилоят муроҷиат карда буданд. Имсол бошад ҳамагӣ 34 ҳазору 707 нафар муроҷиат кардаанд”, афзуд Шермуҳаммад Нодирӣ.

Идораи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд мегуяд, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ шумори кортаъминкунии сокинон ба 16 ҳазору 609 нафар баробар шуда, ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 861 маврид бештар будааст.

“Давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд дар умум 238 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор карда шуд ва дар онҳо 3 ҳазору 559 нафар соҳиби ҷои кор шуданд. Ба ҷуз ин 1191 нафар бо ҷои кори муваққатӣ ҷалб  карда шудаанд”, гуфт сардори Идораи меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

Шаш ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имсол ба Русия кӯч баст

Кор ҳасту коргар нест

Тибқи иттилои расмӣ корҳое, ки дар ярмаркаҳо барои корҷӯён пешниҳод мекунанд аз 600 то 1200 сомонӣ маош пешбинӣ мешавад.

Шермуҳаммад Нодирӣ таъкид намуд, ки давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 636 нафар нафарони эҳтиёҷманд 1 милиону 902 ҳазор сомонӣ, ба ҳар як нафар 3-3, 5 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзноки истеҳсолӣ пешниҳод шудааст. Ин маблағи буҷавӣ буда, барои беҳтар намудани кору нақшаҳои истеҳсолии муроҷиаткунандаҳо равона шуда, пас аз як сол бидуни фоиз бозпас гардонида мешавад.

Сардори Идораи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бораи афзоиши шумори “мардикорон” низ изҳори андеша кард. Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бахши аъзами онҳое, ки бо мақсади дарёфти кор ба кӯча мебароянд сарфи назар аз он, ки расман соҳиби касбу ихтисос нестанд, барои дарёфти шуғл ба идораи онҳо муроҷиат намекунанд. “Мардикорон” мегуянд корҳое, ки аз ҷониби идораҳои шуғл пешниҳод мешавад, маошаш кам аст ва талаботи онҳоро қонеъ намесозанд.